- афтодан
- (афтидан)[افتادن // افتيدن]1. аз боло ба поин бо зарб омадан, ғалтидан; суқут кардан2. аз по даромадан, хобидан (ба сабаби беморӣ, мондагӣ ва ғ.)3. поин шудан, овезон гаштан, кашол шудан4. рехтан, боридан5. ҳамчун ҷузъи таркибии феълҳои таркибӣ омада, ба онҳо маъноҳои гирифтор шудан, мондан, шудан, ғалтидан ва ғ. медиҳад: ба бандагӣ афтодан, дар талаби чизе афтодан, дур афтодан, ба бало афтодан ва ғ. ; аз пайи касе афтодан таъқиб кардан, дунболагирӣ кардан; ба ҳарос афтодан ваҳмидан, тарсидан; зарур афтодан зарур шудан; ба гардан афтодан бор шудан, ба зимма қарор гирифтан; ба (дар) андеша афтодан ба фикр фурӯ рафтан; ба дом афтодан гирифтор шудан; ба изтироб афтодан ошуфта гардидан, ба ҳаяҷон омадан; ба роҳ афтодан рафтан, равона шудан, ба роҳ даромадан; ба сӯзу гудоз афтодан дар ғаму ғусса мондан; ба такудав афтодан дар ташвиш мондан, дар тараддуди чизе шудан; ба талвоса афтодан беқарор шудан; ба умед афтодан умедвор шудан; ба (дар) фикр афтодан ба фикр фурӯ рафтан, фикр карда мондан, дар фикр шудан; ба фикри чизе афтодан аз пайи чизе шудан, чизеро мақсад кардан; ба хаёл афтодан ба хаёл фурӯ рафтан, фикр карда мондан; ба шубҳа афтодан шубҳа кардан; ба ҷое афтодан ба ҷое дохил шудан, дар ҷое воқеъ шудан; ба ҷустуҷӯ афтодан кофтуков кардан; гузор афтодан роҳ рост омадан, воқеъ шудан дар ҷое; дам (нафас) ба дарун афтодан нафас набаровардан; хомӯш шудан, тамоман дам шудан; дар банд афтодан гирифтор шудан; дар гӯшаи нокомӣ афтодан гирифтори номуродӣ шудан; бечора шудан; дар миёна афтодан восита шудан; дар пайи чизе афтодан аз пайи чизе шудан, аз паси коре шудан; дар тааҷҷуб афтодан ҳайрон шудан, тааҷҷуб кардан; дар тарс афтодан тарсидан, ҳаросидан; дар ташвиш афтодан беқарор шудан; нотинҷ гаштан; дар хашм афтодан хашмгин шудан; дар ҳайрат афтодан мутаҳаййир шудан, ҳайрон шудан; дар ҳаяҷон афтодан ба изтироб омадан, безобита шудан; зебанда афтодан муносиб омадан, мувофиқ воқеъ шудан; маъқул афтодан писандида шудан, писанд омадан; мақбул афтодан писанд омадан, мавриди қабул қарор гирифтан; писандида афтодан маъқул шудан, писанд омадан; роҳ афтодан гузор рост омадан, гузор воқеъ шудан; чашм афтодан нигаристан, нигоҳ кардан; шинам афтодан муносиб воқеъ шудан, мувофиқ омадан; қимат афтодан гарон воқеъ шудан, бо нархи баланд ба даст даромадан◊ ба даст афтодан (афтидан) гирифтор шудан, дастгир шудан; ба дунбол афтодан таъқиб кардан; ба сар афтодани чизе (ҳодисае) дучор шудани (омадани) чизе (ҳодисае); бор шудани чизе; дар рӯзи сахт афтодан ба ҳолати бад дучор шудан, ба вазъияти ногувор гирифтор гаштан; кор афтодан ба касе мӯҳтоҷ шудан ба мадади касе, эҳтиёҷе воқеъ шудан ба касе; латтаи касе ба (дар) об афтодан пуч баромадани умеди касе; ноумед шудан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.